Ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки имрӯз, 4 октябр, соати 15:00 дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши ҷашнӣ доир мешавад.
Дар ин чорабинии идона иштироки роҳбарияти вилоят пешбинӣ шудааст.
Беш аз 700 нафар омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф, аҳли зиё ба ҷамъомад даъват шудаанд.
Дар назар аст, ки ба омӯзгорони фаъолу пуркор Ифтихорнома ва ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шавад.
Инчунин, ба маълумоти рӯзноманигорон ва ҳаводорони футбол расонида мешавад, ки фардо, 5 октябр, соати 15:00, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии даври 18-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки бозии пуршиддате сурат бигирад, зеро ҳар ду даста муддаии асосии медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии имсола ба ҳисоб мераванд.
Марҳамат кунед!
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон