Ба таваҷҷуҳи ҳаводорони синамои тоҷик ва намояндагони расонаҳои хабарӣ расонида мешавад, ки имрӯз, 15 октябр, ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши идӣ доир мешавад.
Дар ин чорабинӣ иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, роҳбарияти муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», собиқадорони соҳаи синамо ва синамогарони хориҷӣ дар назар аст.
«Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад», — гуфтааст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Роҳбари давлат ҳар сол 16 октябр чун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил карда мешавад.
Оғози чорабинӣ: соати 16:00.
Пас аз қисмати ҷашнии чорабинӣ намоиши ройгони филми истеҳсоли муассисаи давлатии «Хатлонсинамо» бо номи «Саҳв» барпо мегардад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон