Имрӯз, 13 ноябр, ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара ташриф меорад.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара шоми имрӯз барномаи консертии ҳунармандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон намоиш дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дирӯз, 12 ноябр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангӣ миёни ду давлат баргузор гардид.

Дар маросими расмӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, ҳайати расмии ду давлат, инчунин аҳли ҳунари тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов ва ансамбли «Мақом», «Тошкент зеболари» ҳунари волои санъаткорони ӯзбекро ба намоиш гузоштанд, ки дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here