Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон расонида мешавад, ки пагоҳ, 27 октябр, соати 9:00, дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар, маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади татбиқи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №1339 ва 1335 «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2020, №81 ва №82 қабул карда шуда, барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 166 ҳазор сомонӣ ва барои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” 131 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Баъди натиҷагирии ҳайати ҳакамони озмунҳо пагоҳ дар як ҷамъомади тантанавӣ беҳтаринҳо қадршиносӣ карда мешаванд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон