Ҷагалпарварони навоҳии минтақаи Кӯлоб ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз намуданд.Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси маъмурияти идораи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб дар ду паҳлӯи шоҳроҳи Данғара-Душанбе, ки қитъаи мазкур мансуби хоҷагии ҷангал аст, садҳо бех ниҳолҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳандаю нодир шинониданд.
Ёдрас мешавем, ки як қисмати шоҳроҳи номбурда дар мавзеи баланду хушманзараи Шарар ва баҳри Норак қарор дорад ва рӯзе тавассути он даҳҳо меҳмонони дохилию берунӣ гузашта, ба манзараҳои атрофии он таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.Ҷангалпарварон ба хотири беш аз пеш зебову дилкаш гардидани он, маҳз маъракаи имсолаи ниҳолшинониро аз ҳамин мавзеи диданибоб шурӯъ намуданд.