Имрӯз, 9 май, дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 77-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гардид.
Дар ин ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат варзиданд.
Нахуст, маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи «Аскари номаълум» доир шуд, ки раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, шаҳрвандон ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд.
Пасон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг, тамоми сокинони Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Зафар самимона таҳният гуфт.
Истиқбол аз Рӯзи Ғалаба бори дигар собит месозад, ки тақвият бахшидани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу субот ва пойдории тинҷию амонӣ дар сайёра мегардад ва рушди давлату халқҳои ҷаҳон, рӯзгори орому осудаи мардуми олам маҳз аз ҳамдилию ҳамбастагӣ буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Мавриди қайд аст, ки сокинони вилоят хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва онҳое, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанду ва имрӯз теъдоди онҳо каме боқӣ мондаанд, дар мадди назари аввали Сарвари давлат буда, эҳтироми онҳо ҳамеша ба ҷой оварда мешаванд.
Раиси вилоят афзуд, ки Ғалабаи бузург бар фашизм дар натиҷаи муборизаи дастҷамъонаи мардуми собиқ шӯравӣ ва кишварҳои гуногун ба даст омадааст ва намунаи муборизаи озодихоҳонаи халқу миллатҳои мухталиф мебошад. Бояд гуфт, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Ҳамчунин раис вилояти Хатлон зикр намуданд, ки ҷавонони мо бояд сабақи ватандӯстиву худшиносиро дар пайравӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳифзи содиқонаи арзишҳои миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолият мавриди омӯзиш қарор дода, барои ҳимояи хоки муқаддаси аҷдодӣ тамоми неру ва дониши худро сарф намоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Хатлон шумораи умумии собиқадорони ҷангу меҳнат 158154 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 17 нафар, оилаҳои бесаробонмондаи онҳо – 10 нафар, ақибгоҳ – 66 нафар боқӣ мондаанд, ки пайваста аз ҷониби Роҳбари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ дастгирӣ карда мешаванд.
Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост, — таъкид намуд Қурбон Ҳакимзода.
Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят барномаи ҳунарии санъаткорони вилоят тақдими аҳли ҷамъомад гардид.