Имрӯз, 24 ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Қабл аз ин ҷамъомад бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи Парчами давлатӣ ба нишони эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ барпо шуд.
Пасон, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар қисмати тантанавии ҷамъомад доир гардид. Фирӯза Шарифӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони сарбаланди Хатлонзаминро аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода самимона таҳният гуфт.
Қайд гардид, ки тамаддуни парчамдорӣ барои миллати фарҳангофару соҳибэҳтироми тоҷик аз замони шоҳони Каёнӣ оғоз ёфта, ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатдорӣ шинохта шуд. Боло бардоштани Парчами Кова, ки таҷассумгари зери як матои муқаддас ба ҳам овардани мардум буд, то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он зиёда мегардад.
— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад, ки ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мардуми кишварро зери як матои муқаддас бо ҳам оварда, аз устуворию суботи ҳамешагии Тоҷикистон ифтихор менамоянд, — зикр намуд муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ — Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Вахш, Шаҳритус, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кӯшониён, Хуросон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда, рафти корҳои сохтмонӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Пас аз сухани табрикии муовини раиси вилоят барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон бо таронаҳои тараннумгари парчаму истиқлолият ва меҳану ваҳдати миллӣ тақдими аҳли толор гардонида шуд.
Таъкид гардид, ки бигузор, Парчами давлатии мо, ҳамеша моро ба сӯйи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва зиндагии шоиста раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби ҷаҳони муосир, барои дастовардҳои нав, дар фазои Тоҷикистон ҷилвагар бошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон