Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии шаҳравандони кишвар, тадбирҳои зиёдеро амалӣ месозад.Вобаста ба ин самти афзалиятнок, дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо иштироки васеи сокинони он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолони деҳот, ба хусус раиси ҷамоати деҳоти мазкур Меҳриддин Сироҷов дар суханрониҳои хеш қайд намуданд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми он аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад, то дар роҳи таъмини суботу амнияти он, ҳамеша талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваста буда, нишоти рӯзгору зиндагиамон аз оромии кишвар маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон танҳо ба мавсимҳо маҳдуд нашуда, балки дар ин самт пайваста корбарӣ карда шавад,-таъкид гардид аз ҷониби иштирокчиёни ҷамъомад.