Имрӯз, 7 ноябр, дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамииши мазкур Раҷабалӣ Раҷабов аҳли толорро аз номи раиси вилояти Хатлон бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, нақши мақомоти корҳои дохилиро дар иҷрои вазифаи боифтихору пурмасъулият, яъне таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон муносибу арзанда номид.
— Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳи муташаккили ҷинояткор таъсис ёфта, ҳар лаҳза вазъи ҷамъиятиро халалдор менамуданд, — зикр кард Р. Раҷабов зимни суханронии худ. — Ҳамарӯза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирӣ даст зада, ба ин васила ба дили сокинони кишвар даҳшат меандохтанд. Дар баробари ин, дар ҷомеа зуҳуроти нави ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд. Хушбахтона, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Таъкид шуд, ки саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва имрӯза оромии ҷомеа, ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.
Р. Раҷабов изҳори итминон кард, ки ҳар як корманди милитсия манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшад ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамояд.
Дар чорбинии мазкур бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ба 215 нафар кормандони милитсия, собиқадорон ва оилаҳое, ки пайвандонашон дар муҳорибаҳо фавтидаанд, нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва кӯмакпулиҳои яквақта тақдим карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик бо барномаи фарҳангию ҳунарии тамошобоб идома ёфт.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон