Дар ноҳияи Данғара ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти ман — ифтихори ман» доир гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ, инчунин роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, собиқадорони ҳизб, аҳли зиё иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо боздиди меҳмонон аз осорхонаи мактабии Пешвои миллат оғоз гардид.

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара кори ҳамоиш идома кард.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толорро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои олии мамлакат табрику таҳният гуфт.

— Обрӯю эътибори баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ на танҳо дар миёни халқи Тоҷикистон раднопазир аст, — қайд намуд раиси вилоят, — балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам Роҳбари давлати моро ҳамчун чеҳраи намоёни арсаи сиёсат, сиёсатмадори номдору неруманд, бунёдгузор ва кафили сулҳу салоҳ дар минтақа шинохтаву эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ Пешвои асри XXI эълон гардидани Роҳбари давлати Тоҷикистон далели возеҳи шахсияти мондагори сатҳи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз ин мо тоҷикон — ифтихормандем.

Шароити имрӯзаи созгори Ватани азизамон, ки бевосита натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва татбиқи самараноки барномаҳои созандаи ҳизб мебошанд, ба мо, аъзои ҳизб, имконият фароҳам овардааст, ки ҳадафҳои наҷиби худро амалӣ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем ва ба боварию эътимоди мардум сазовор гардем.

Бо дастгирии бевоситаи Раиси муътабари ҳизб, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоятамон беш аз 7,7 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун бунёд ёфта истодаанд. Дар ин миён аксарияти кулли кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо бинои алоҳидаи худ таъмин гардида, фаъолият намуда истодаанд.

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, ноҳияҳои Вахш, Ховалинг, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ин ҳама аз сиёсати бунёдгарона ва ояндабинонаи Сарвари мардумӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллат дар атрофи Пешвои муаззами худ далолат медиҳад.

Дар қисмати дувуми ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ барномаи ҳунарии рангин манзури иштирокдорон гардид.

Меҳмонон ҳамзамон аз деҳаи Пушинги Ҷамоати деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғара, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, хоҷагии «Хоҷӣ Лайло» ва ҷараёни корҳои истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ ва косметологии ЧДММ «Фарм текс» дидан намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон