Дар Кохи фарҳанги деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» оғоз гардид.
Ин ҳамоиш ба 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуда, дар он фаъолони ҳизб аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи иштмрокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушди иқтисоду иҷтимоиёт, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мондагор арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки ба муносибати ин ҷашн имрӯзҳо дар сартосари вилоятамон, ташкилоту муассисаҳо ҳамоишҳои илмию оммавӣ баргузор гардида, нақшу мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду такомули ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум мавриди баррасиву арзёбӣ қарор мегиранд.
— Имрӯз дар ин ҳамоиши бошукӯҳу идонаи ҷумҳуриявӣ доираи васеъ, аз ҷумла аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҳизб, олимону шоирон иштирок меварзанд, ки ҳамаи меҳмононро хайрамақдам мегӯем, — афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Дар доираи ҳамоиш, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад, ҳайати меҳмонону иштирокчиён тӯли ду рӯзи охир аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид намудед ва ман умедворам, ки ин сайри таърихӣ бароятон хушоянду хотирмон буд.
Ҳамагӣ 50 рӯз муқаддам, 21 октябри соли 2021, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ин Касри боҳашамати фарҳангиро, ки айни ҳол қарор дорем, мавриди ифтитоҳ қарор доданд ва дар ин макон аз ҳуҷраҳои кории ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд. Дар ошёнаи дуюми Қасри фарҳанг ду ҳуҷраи корӣ ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва китобхона таъсис дода шудааст.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо тамоми шароити мусоиди кору фаъолият нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба аъзои ҳизб ва далели аҳамияти баланди сиёсию иҷтимоӣ доштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.
Дар доираи ҳамоиш, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст, рӯзҳои 9-10 декабр ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид намуданд.
Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сатториён, ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.
Гуфта шуд, ки Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзоён ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ доимо ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуда, ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёдкорӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр саҳм мегузоранд, мунтазам қадрдонӣ менамоянд.
Дар назди аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат вазифаи басо пурмасъулият истодааст, ки он аз саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.
Чуноне ки Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид медоранд, масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Дар ҳошияи конференсияи ҷумҳуриявӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида мешавад.