Рӯзи 08.07.2018 сол дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиши бошӯкӯҳ бо иштироки як зумра ҷавонмардони Кӯлобӣ, ки дар дигар минтақаҳои кишвари азизамон Тоҷикистон кору фаъолият намуда, мақому манзалат ва обрӯву эътибори хосаеро ба худ касб намуда, метавонанд дар ободии як гушаи диёр, Кӯлобшаҳри бостонӣ саҳмгузорӣ намоянд, ба ҳам омаданд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло меҳмононро ба Кӯлобшаҳри бостонӣ хайрамақдам гуфта ба онҳо ҷиҳати ин иқдомоти некашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Раҳмонзода Абдуҷаббор-мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии ҷаласаро ба дӯш гирифта, барои болидарӯхии меҳмонон мутриби хушовози Кӯлобӣ Ҷамшед Исмоиловро ба саҳна даъват намуд. Аҳли толор, бахусус занони фарҳангдусти Кӯлобӣ таҳти сурудҳои Ҷамшед Исмоилов, ки моломоли ватандустиву ваҳдат ва ситоиши Пешвои муаззами миллат буданд, хушҳоливу хурсандӣ намуданд .
Раҳмонзода Абдуҷаббор изҳор дошт, ки бо мақсади татбиқи амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП- 1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Ҷумҳурӣ ба тасвиб расид.
Дар асоси амри мазкур мо дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, оид ба масъалаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди корӣ созмон дода, дар давоми ду ҳафта вазъи шаҳру деҳотро омӯхта, тамоми муассисаҳои дар шаҳру деҳот арзи вуҷуд доштаро омухтем.
Мавсуф ин амалҳои созандаву бунёдкоронаи -Пешвои миллатро ҳамчун як инқилоби нав дар самти бунёдкорӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки вобаста ба ин ҳар яки моро зарур аст, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Точикистон корҳои ҷориро анҷом дода, ҷиҳати бунёди китобхонаву ҳаммом бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Меҳмонони даъватшуда, кормандони Дастгоҳи иҷроия, вазирон, муовинони вазирон, сардорони раёсатҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, ректорони Донишгоҳу Донишкадаҳо, директорони бозорҳо, соҳибкорони муваффақ, ки зодаи Кӯлобшаҳр буданду нисбати он бетаваҷуҳ нестанд, ҳар кадом қавл доданд, ки баҳри ободии Ватани маҳбуби худ дар се соли минбаъда саҳмгузорӣ намуда, 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ободкориҳо таҷлил менамоянд.