Пахтакорони Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш дар рӯзи таҷлили ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои пурраи дурнамои ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед” мужда доданд.

Тавре ки Дастагул Мирзоева, раиси Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” иттилоъ дод, ин ҷамоат якумин шуда дар ҳудуди ноҳияи Вахш дурнамои чиниши пахтаро ба иҷро расонид.

Шумораи хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” ба 675 адад расида, онҳо то 6 ноябр 3390,1 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки беш аз 100 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси роҳбари гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” Муҳаммадӣ Шарифзода ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили пахта 10 зергурӯҳи корӣ дар 25 деҳаи пахтакори ҷамоат таъсис дода шуд. Дар натиҷаи корбарӣ аз рӯзи 19 октябр то Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр наздик ба 1200 тонна ҳосили “тиллои сафед” ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркарди пахта супурда шуд.

Заркорони меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш дурнамои ҳосилғундориро аз сатҳи миёнаи ноҳия қариб 30% бештар таъмин намудаанд.

Шоми рӯзи 6 ноябр бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ситоди пахта доир гардида, ба пахтакорони қавиазми Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” барои нахустин шуда дурнамои ҷамъоварии ҳосилро таъмин намудан изҳори сипос карда шуд. Аз ҷониби раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов дар вазъияти тантанавӣ ба раиси Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод” Дастагул Мирзоева мошини сабукрав тақдим гардид.

Ҳоло пахтакорони ҳудуди Ҷамоати деҳоти мазкур азм доранд, ки ҳосили боқимондаи “тиллои сафед”-ро то охирин кӯрак беталаф ғундошта, барои коркард ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супоранд ва ба ин васила дар таъмини иҷрои дурнамои пахтаи ноҳияи Вахш саҳми намоён гузоранд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон