Ҷамъбасти озмунӣ-ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маъриф», ки рӯзи 24.06.2018 дар «Амфитеатр»-и боғи ба номи устод А.Рӯдакӣ баргузор гардид, панҷ боғи беҳтарин аз вилояти Хатлон, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд шаш нафар  сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

   Ҷойи якум дар сатҳи ноҳиявӣ директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Данғара Ҳусейнов Сулаймон бо диплом, ифтихорнома, 500 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ.

    Ҷойи дуюм дар сатҳи шаҳрӣ директори боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб Одинаев Абдураҳим  бо диплом, 500 сомонӣ,  Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ.

    Ҷойи сеюм дар сатҳи шаҳрӣ директори боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар Холбобоева Ҷонона бо диплом, 500 сомонӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ.

   Ҷойи сеюм дар сатҳи ноҳиявӣ директори боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Шаҳритус Менглибоев Муҳибулло бо диплом, 500 сомонӣ ва ва тӯҳфаҳои хотиравӣ.

   Мудири фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ Шарипов Карим дар номинатсияи ташкилотчии беҳтарин бо диплом, 500 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ.

   Директори осорхонаи «Ҳунармандон»-и шаҳри Кӯлоб Академики Академияи мусавварии Тоҷикистон арбоби ҳунари Тоҷикистон дар номенатсияи рассоми беҳтарин бо ифтихорнома, 500 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here