Даври ноҳиявии озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Масъулони озмун дар ноҳияи Балҷувон 62 ғолиби даври аввалро муайян карда буданд ва дар даври ноҳиявӣ ба ҳунару маҳорат ва дониши онҳо баҳогузорӣ намуданд.

Шукрона хурдсолтарин иштирокчии озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ноҳияи Балҷувон мебошад, ки ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтааст ва дар таътили тобистона 20 адад асарҳои шоиру нависандагонро мутолиа намудааст.

Ба даври ноҳиявии озмуни мазкур аз саросари ноҳия беш аз 62 нафар иштирокчиён роҳхат гирифтаанд ва ҳар яке ба даври навбатӣ бо омодагии хоса ҳозир шуданд.

Чи тавре ки ба мо Мурод Ғаюров корманди шуъбаи маориф иброз намуд: Иштирокчиёни озмун дар қироъати шеърҳо ва нақли ривояту ҳикояҳо ба диксия, интонатсия ва дигар қоидаҳои забон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар назди ҳакамон бо маҳорати хоса баромад карданд.

Ҳакамони озмун аз 62 нафар иштирокчӣ 4 нафари беҳтаринҳоро интихоб намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат медиҳад. Дигар иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here