Тибқи Амри Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои Амри мазкур дар 4 ҷамоатҳои деҳот ва шаҳри Кӯлоб «Озмуни дастархонороӣ» аз 19 январ то 22 январи соли 2019 баргузор карда шуд.

Озмуни мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки васеъи занон ва бонувон, ҳунармандону косибон, нонпазу ошпазон ва дигар шахсони масъул дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Мақсади гузаронидани озмуни мазкур ин рушди анъана ва ҳунарҳои миллии дастархонороии мардуми тоҷик ва ба тариқи сарфаю сариштакорона гузаронидани маъракаҳо ба шумор меравад.

Дар озмун иштирокчиён ҳунари воло нишон дода, бо маҳсулоти нониву қаннодӣ ва хӯрокҳои миллии анъанавӣ дастархонҳоро омода ва пешкаши аъзои Комиссия намуданд.

Комиссия ҳунари дастархонороиро натиҷагирӣ намуда дар марҳилаи аввали «Озмуни дастархонороӣ» намояндаи Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» ҷойи аввал, намоянда аз Ҷамоати деҳоти «Кӯлоб» ҷойи дуюм ва намояндаи муассисаи давлатии назорати сектори хусусии шаҳри Кӯлоб ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.

Ғолибони марыилаи аввали «Озмуни дастархонороӣ» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ гардида, ба марҳилаи дуюми вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон аз рӯи ин озмун барои дастархонороӣ бо хӯрокҳои миллӣ ба сокинони шаҳр тавсия дода шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here