21 октябри соли 2020 дар майдони назди теппаи таърихии Қӯрғони шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ҷамъбасти 20-рӯзаи мусобиқаи меҳнатӣ дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” доир гардид.

Дар ин ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва кишоварзони пешқадами вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки комплекси агросаноатӣ маҳсуб ёфта, дар амалӣ гардонидани рушди устувору босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноати сабук, манбаи асосии ҷойи корӣ, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар маҷмӯъ, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, алоқаманд буда, ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва ба роҳ мондани коркарди ниҳоии он дар мамлакат пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, ҳавасмандгардонии кишоварзон ба афзун кардани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш” дар назди масъулин супоришҳои мушаххас гузоштаанд.

— Мо имсол низ, чун соли сипаришуда, бо эълони иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” тасмим гирифтем, бо мақсади тақвият бахшидани суръати ҷамъоварии ҳосил, қадршиносии диловарони саҳро ва баланд бардоштани ҳавасмандии пахтакорони шуҳратёри вилоят мусобиқаҳои меҳнатиро байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор идома дода, ҷамъбасти онро дар вазъияти тантанавӣ ташкил намоем, — қайд намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Вобаста ба ин, бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, ҳалли масъалаҳои ҳавасмандгардонии  шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят қарори дахлдори  раиси вилоят аз 7 сентябри соли 2020, №244 “Дар бораи  тадбирҳои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани  ҳосили пахтаи соли 2020” ба тавсиб расид, ки дар асоси он мусобиқаи меҳнатиро байни шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва Сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамин тавр, даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ аз 1 сентябр то 20 октябри соли равон натиҷагирӣ карда шуд. Таҳлил нишон дод, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва риояи агротехникаи парвариши пахта шаҳру ноҳияҳои Левакант, Данғара, Бохтар аз иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта бо сарбаландӣ баромада, кишоварзони ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ба марра наздик шудаанд.

Кумитаи тадорукоти озмун ноҳияи Данғараро азовори ҷой якум, шаҳри Левакантро сазовори ҷой дуюм ва шаҳри Бохтар сазовори ҷой сеюм дониста, бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ (ҷойи якум), 10 ҳазор сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 5 ҳазор сомонӣ (ҷойи сеюм) қадрдонӣ намуд. Ба ифтихори пахтакорони Данғара. Левакант ва Бохтар дар саҳни майдон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Раиси вилоят ғолибони мусобиқаро бо зафари меҳнатӣ муборакбод гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав ба навро таманно намуд.

Таъкид шуд, ки раисони шаҳру  ноҳияҳо бояд бо чунин тартиб дар байни шаҳраку деҳот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар байни хоҷагиҳои пахтакор чунин мусобиқаҳоро ба роҳ монда, ғолибонро бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонанд, зеро чунин ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта мусоидат менамояд.

Айни ҳол дар байни 105 ҷамоати шаҳраку деҳот яке аз аввалинҳо шуда Ҷамоатҳои деҳоти “Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз дурнамои истеҳсоли пахтаро 103,4 фоиз, “Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён 100,0 фоиз, шаҳраки “Балх”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ 100,0 фоиз, ҷамоатҳои “Қумсангир”, “Истиқлол”, “Ваҳдат”, “Яккадин” ва “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун 100,0-фоизӣ, “Гулистон”-и шаҳри Левакант 100,3 фоиз,   ба номи Исмат Шариф 115,2 фоиз, “Лолазор”-и ноҳияи Данғара 111,3 фоиз, ба номи Ҷӯра Назаров 100,0 фоиз, ба номи У. Назарови ноҳияи Қубодиён 100,2-фоизӣ, “Нури Ваҳдат”-и ноҳияи Панҷ 101,7 фоиз, “Наврӯз”-и ноҳияи Носири Хусрав 100,5 фоиз ва “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Дӯстӣ 102,0-фоизӣ дурнамои истеҳсоли пахтаро таъмин намуданд.

Ба як қатор раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти фаъоли пахтакор Сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи пешгӯиҳои мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ, имсол сармо ва боришот пештар аз ҳарвақта фаро расида, дар сурати саривақт тадбирандешӣ накардан ҳосили дастранҷи марди деҳқон метавонад талаф ёбад. Бо таъкид ба ин нукта раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз тамоми аҳли ҷомеа даъват намуд, ки дар ҷамъоварии ҳосили «тилои сафед», ки бойигарии давлат маҳсуб гардида, барои ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, ба марди деҳқон кумак расонем.

— Мо бовар дорем, ки иқдоми навбатии “60 рӯзи меҳнати зарбдор” аз ҷониби мардуми шарафманди вилояти Хатлон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда, дар ҳамдастӣ дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта сарбаландона ва қабл аз муҳлат иҷро мешавад, — хулоса кард раиси вилоят.

Тавре аз маълумотҳои Сарраёсати Агентии омор дар вилоят бармеояд, ба ҳолати 26 октябри соли 2020 дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нуқтаҳои қабул 221258 тонна пахта супурда шудааст, ки баробари 79,5 фоизи дурнамо мебошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон