Тибқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар марҳилаи IV то соли 2020 дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалисозии 12 лоиҳаи мактабии дорои 6, 8 ва 10 синфхона пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Ш. Сиддиқзода, директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ), аз ин теъдод дутоаш (дар ноҳияи Данғара ва шахри Левакант) муассисаҳои таълимии нав мебошанд, ки пештар вуҷуд надоштанд. Сохтмони биноҳои таълимии дигар, ки дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб амалӣ мегарданд, дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудаанд. Лоиҳаҳои мактабӣ, ба ғайр аз бинои таълимӣ, инчунин сохтмони нуқтаҳои санитарӣ, таъмини мактабҳои лоиҳавӣ бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ ва неруи барқро низ фаро мегиранд.