Дар давраи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2018», дар маҷмӯъ, 237 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаю 977 килою 196 грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 48 килою 134 грамм героин, 1 тоннаю 129 килою 592 грамм афюн, 394 килою 799 грамм ҳашиш ва 404 килою 671 грамм бангдона мусодира гардид.
Дар натиҷаи ошкор намудани ҷиноятҳо вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар 261 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30 ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида шуд. Дар амалиёт дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.