Нақши бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия калон буда, дар доираи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

 Аз тарафи гуруҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба ҳайати он кормандони бахши кор бо занон ва оила низ шомил буданд, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳзои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳия ҷиҳати ташвиқу тарғиби рушди ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, инчунин муайян ва тасдиқ намудани рўйхати ҳунарҳои миллӣ ва молҳои ниёзи мардум, ки дар хона истеҳсол мешаванд ва ба онҳо имтиёзи андоз пешбинӣ мегарданд, 43 вохўрию суҳбатҳо доир намуда, 55 нафар ҳунармандони мардумӣ ба қайд гирифта шуданд.

 Бо дастгирӣ ва мусоидати бевоситаи раиси ноҳия ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «100 ҳунари мардумӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ» ташкил карда, дар натиҷаи баргузории озмун беҳтарин маҳсули дастранҷи бонувони ҳунарманди ноҳия дар он барои намоиш нигоҳ дошта шуданд.

 Дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тандурустӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гӯшаҳои кашидадўзӣ, адрасбофию атласбофӣ, дўзандагӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, челонгарӣ, рўзгордорӣ ва дигар намудҳои ҳунар таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ», «Ҳунар — ганҷи бебаҳост», «Ҳунарҳои мардумӣ-яке аз омилҳои зиндагисози мардум», осорхонаҳои мактабӣ ташкил карда шуданд.

 Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои » бошад, дар ноҳия бахшҳои кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои кор бо занон ва оила ва кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон моҳи январи соли 2018 бо иштироки намояндагони 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб конференсия дар мавзӯи «Ҳунарҳои рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид. Қабл аз оғози конференсия дар макони баргузории он, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Москва муайян шуда буд, барномаи рангини консертиву фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандўзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ҷуроббофӣ, адрасбофӣ, ҷиҳози арусӣ, кандакорӣ, чубкорӣ, оҳангарӣ, сабадбофии ҳунармандони манотиқи гуногуни Кӯ лоб ба роҳ монда шуд.

 Занону бонувони ҳунарманди ноҳия дар озмуну чорабиниҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Сад ҳунари мардумӣ дар Хатлон», озмунҳои вилоятии «Маликаи Наврӯз», «Нонпази беҳтарин», «Қанноди беҳтарин», «Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гулдӯзии кишварҳои аъзои СҲИ» дар Боғи Ирам иштироки фаъолона намуда, намунаи ҳунарҳои қадимаву муосир, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзиву заргарӣ, хӯрокҳои миллии қурутоб, фатирмаска, чанголӣ, ширбат, ширбиринҷ, ширкаду, нишоиста, оталабақанд, наскшурбо, инчунин, маҳсули дастранҷи аққалиятҳои миллии ноҳия-ҷомадўзӣ, ҷелакадўзӣ, тоқиҳои занонаву мардонаро ба намоиш гузоштанд.

 Бо дарназардошти татбиқи дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иштироки намояндагони ноҳия дар озмуни вилоятии “Маликаи Наврӯз” таъмин карда шуд. Қабл аз ин даври аввали озмун дар сатҳи ноҳия рўзи 27.02.2018 гузаронида шуда, ғолиби он ҳуқуқи иштирок намуданро дар даври ниҳоӣ касб намуд. “Маликаи Наврўз”-и ноҳия — Одинаева Раҷабгул — донишҷўи муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббии ноҳия, ғолиби озмуни вилоятӣ дониста шуд.

 Дар ин рӯзҳо тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳия бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар сатҳи маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда истодаанд, ки ин раванд идома доранд.

 Дар чорабиниҳои мазкур ҳунармандону соҳибкорони маҳаллии маҳаллаҳои ҷамоатҳо ширкат варзида, маҳсули дастранҳои истеҳсолнамудаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 Аз баргузории ин қабил чорабиниҳо маълум мегардад, ки сокинони ноҳия, аз ҷумла занону бонувони ҳунарманди ноҳия аз ташкил ва баргузории чунин чорабинии фарҳангӣ, ки шавқи мардумро ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва даромади софи рўзгор ба даст овардан зиёд мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуда, талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ менамоянд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here