Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи кории Шӯрои байниидоравии ноҳия бо иштироки намояндагони фаъоли ҷомеаи ноҳия рӯзи 12 декабри соли равон дар бинои муассисаи «Тоҷиксодиротбонк» доир ба татбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи барои солҳои 2014-2023» ва бо кӯмаки молиявии филиали «ГОПА» МБХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила омӯзиш аз рӯи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар мавзӯи «Истифодабарии усулҳои комплексӣ (ҳамаҷониба) оид ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила, муттаҳид намудани саъю кӯшиш дар пешгирии ин падида ва хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» семинар гузаронид. Дар семинар муовини раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа ва намояндаи ташкилот Мадалиев Турсуналӣ иштирок доштанд.