Дар асоси дастуру супориши раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д. Қ бо мақсади таҳлили соҳаи кишоварзӣ, алалхусус пахтазор, рафти ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ, захираи хӯроки чорво, ҳолати нигоҳубини боғҳо гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Сироҷов М. рӯзи 24.07.2018 меҳмони ноҳия гардиданд, гуруҳи корӣ аз пагоҳии барвақт дар Ҷамоатҳои деҳот бо кори кишоварзон аз наздик шинос шуданд.

 Дар машварати корӣ, ки бо иштироки раиси ноҳия, муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат дар толори муассисаи таълимии №2 баргузор гардид, аз натиҷаи кори кишоварзон изҳори ақида намуданд.

 Махсусан, тавсияҳои ҷонишини директори Институти НИХИ, номзади илмҳои кишоварзӣ Абдуллоев М. доир ба сари вақт гузаронидани маъракаи сарчинкунии (чеканка) пахта, тезтар ба анҷом расонидани ғизодиҳии пахта, обмонии шабонаи пахтазор, истифодаи дурусти заҳрдоруҳо, шарбатобдиҳӣ, ки ба кишоварзон заруранд, ба ҳозирин писанд омад.

 Машварати кориро роҳбари гуруҳи корӣ, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят муҳтарам Сироҷов М. ҷамъбаст намуда, баҳри истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои кишти такрорӣ, захираи хуроки чорво аз манбаҳои иловагӣ, нигоҳубини боғҳо баъди ҷамъоварии ҳосили гирифташуда, идомаи коркарди байни қаторҳои пахта дар моҳи август, фаъолияти якҷояи ҳамаи ташкилотҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид дода ба кишоварзони ноҳия дар амалӣ гардидани нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2018 мувафақиятҳо орзу намуд.

 Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шахсан ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д. Қ нисбати ғамхориашон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба гуруҳи корӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, аз номи кишоварзони ноҳия мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро бовар кунонд, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2018 дар самти кишоварзӣ бо сарбаландӣ иҷро хоҳанд гашт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here