Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои бунёдкоронаю созандаро вусъат бахшида истодаанд.

 Ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар ноҳия якчанд иншоотҳои ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам ва Нишони давлатӣ дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои хушсохти толори варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30, ба номи Мирзохон Раҳматов бо маблағгузории буҷаи ноҳия, шуъбаи таваллудхонаи назди беморхонаи деҳотии деҳоти Меҳнатобод ва корхонаи истеҳсоли халтачаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини деҳоти “Қаҳрамон” бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Азиз Ҷобиров ва Ҷиёнхон Мирзоев, ки ба ҳусни ноҳия ҳусни дигар илова мекунанд, ҳамчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани даҳҳо нафар сокинони ноҳия шароит фароҳам хоҳанд овард.

 Алҳол сохтмони дигар иншоотҳои хизматрасонӣ, варзишӣ, тандурустӣ дар деҳоти ноҳия давом дошта, то охири сол ба итмом хоҳанд расид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here