Бо дарназардошти татбиқи дастгирии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва дастгирии шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар намоишгоҳ ва макони баргузории чорабинии фарҳангӣ нақшу нигори ҳунармандони чирадаст, аз қабили чодару либосҳои чакан, чакандўзӣ, гулдўзанӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии мазкур, инчунин, намоиши либосҳои чакан бо иштироки духтарону наврасони синфҳои 10-11 ба роҳ монда шуд.
Роҳбарияти муассиса барои таблиғу ташвиқҳои ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи зебоипарастӣ беҳтарин омўзгорону хонандагонеро, ки аз ҷониби намояндагони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия — бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш ва шуъбаи маориф ҳунару заҳматҳояшон баҳогузорӣ ёфтанд, қадрдонӣ намуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Набиев И. иштирок дошт ва баромад кард.