Рӯзи 30 декабри соли равон дар маркази шаҳраки Москва бо иштироки роҳбарон, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва колективи кормандони сохторҳо, инчунин аҳолии ноҳия чорабинии фарҳангӣ ба истиқболи фарорасии соли нави мелодии 2019 баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиро намоишу қаҳрамониҳои афсонавӣ, ки хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳия нақшофаринӣ карданд шукуҳу шаҳомати хосса бахшид. Дар охир барномаи консертии ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи О. Ҳошимов пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар чорабинӣ пайёми шодбошии раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ба мардуми ноҳия расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки дар арафаи фарорасии соли нави мелодии 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, инчунин Қисмҳои низомӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуд.