Рӯзи 29.08.2018 тибқи нақшаи тасдиқ намудаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия мизи мудаввар дар мавзўи «Самти меҳнат дар ташкилот, муассиса ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ» бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқҳои касаба, муҳосибон, сардорони шуъбаҳои кадр ва соҳибкорон баргузор гардид.

 Дар машварати мазкур муовини сардори Раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Иброҳимов Зубайдулло, муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Саидзода Зиёдалӣ ва сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Бодомов Сайдакобир суханрони намуда, оид ба иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои меҳнатиро танзим менамоянд ибрози ақида намуданд. Дар охир бо иштироккунандагон суҳбати озод гузаронида шуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here