Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат корҳои ободониву созандагӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардида истодааст.
Имрӯз дар ҳудуди ноҳия ифтитоҳи як қатор иншоотҳои хизматрасонӣ ва иҷтимоӣ бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат сурат гирифт. Аз ҷумла, дар маркази ноҳия, шаҳраки Москва аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ як Маркази савдо бо таъсиси 8 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо дастгирии молиявии Ташкилоти ҷамъиятӣ-хайриявии «Тавҳид» -и давлати Қатар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, 4 синфхонаи иловагӣ бо таъмини лавозимотҳои зарурӣ ва таҷҳизотҳои муосири техникӣ сохта, мавриди истифодабирии хонандагон қарор дода шуд.
Инчунин, раиси ноҳия аз рафти корҳои ивазкунии пояҳои пусида ва хатҳои барқии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, ки бо ташаббуси соҳибкорон, шахсони саховатпешаи деҳаи мазкур ва Шабакаҳои баркии ноҳия ташкил гардидааст, шинос шуда барои иқдоми пешгирифтаашон изҳори сипос намуданд ва ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.