Бо мақсади мусоидат ба дарёфти ҷойи кори холӣ ба шаҳрвандони бекор ва тақвияти робитаҳои корӣ байни кордиҳандагон ва бекорон давоми сол 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.

 Тибқи маълумоти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ, дар натиҷаи ин ярмаркаҳо 58 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон, 193 сокини ноҳия ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои чакандӯз, адрасбоф, муҳрабоф, барқчӣ ва асосҳои омӯзиши копютерӣ ҷалб карда шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here