Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар давоми шаш моҳи соли 2018 ба маблағи 387300 сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳоро ба анҷом расонид.
Дар мувозинати муассиса 209,825 км роҳҳои автомобилгарди ноҳия дохил аст, ки ҳаракати шабонарӯзии нақлиётро дар ҳудуди ноҳия таъмин менамояд.
Дар ин давра дар масофаи 20 км роҳ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд, ки ин 12.7 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 7,3 км роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар роҳҳои маҳаллии автомобилгарди “ш. Москва-Чубек-Сарбанд” 14 адад пуштакҳои ҳимоявии роҳ васл карда шуда, чуқурчаҳои роҳ бо омехтаи сиёҳ таъмир карда шуданд.
Айни замон, дар анбори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 180 тонна омехтаи сиёҳ захира карда шуда, корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо идома дорад.