Ҷиҳати мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чораю тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Айни ҳол сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 43-и деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30-и деҳаи Меҳвари ҷамоати деҳоти Чубек ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди бинои гимназияи давлатӣ идома дорад.
Барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва ба соли нави хониши нав омода намудани онҳо, аз ҳисоби Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон дар ҳаҷми зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ ба миқдори 3,4 миллион сомонӣ масраф карда шудааст, ки чунин дастгирии молӣ миёни ноҳияҳои минтақа нишондоди беҳтарин маҳсуб меёбад.