Юсуфалӣ Амиралиев, сокинони ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ се сол боз сафари хонаи Каъба, Ҳаҷи фарзиро мавқуф мегузорад ва маблағи сафарашро дар корҳои ободонӣ ва таъмири роҳҳои деҳа сарф менамояд. Имсол низ ба сафари Ҳаҷ омодагӣ мегирад ва қабл аз сафар охирин роҳи валангорро, ки деҳаашро бо маркази ноҳия мепайвандад сангфарш намуда истодааст.
Дар ин хусус Ширинҷон Ҳусайнов сармутахассис оид ба корҳои дин ва ҷашну маросимҳои ҷамоъати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳия чунин ибрози ақида кард, ки дар кори сангфаршкунии кӯчаҳо ба Юсуфалӣ Амиралиев тамоми сокинони деҳа кумак мерасонанд. Дар якҷоягӣ бо истифода аз техникаҳои шахсии ӯ дар навбати аввал роҳҳои дохили деҳаро аз таъмир бароварданд. Сокинони деҳа мегӯянд, ки кӯчаҳо дар рӯзҳои боронӣ мушкилгузар мешуданд, кӯдакон баъзан вақт ба мактаб рафта наметавонистанд. Акнун, бо дастгирии ҳамдеҳаашон Юсуфалӣ, ки сафари Ҳаҷ дорад, давоми як моҳ боз корҳои ободониро анҷом дода истодаанд. Ба ин кори неки ӯ аҳсан хонда, дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд.