Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муҳайё намудани фазои сармоягузорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр Самизода Санавбар кордори сафорати Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Семёнов В. В. бо ҳайати кормандони Сафорат, ки ба шаҳри Левакант ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфт.

Меҳмонон нахуст аз хоҷагии боғпарварии «А. Ҷомӣ» дидан намуда, бо тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, асал ва афшураву сабзавоти консервакунонидашуда аз маҷмуи умумии маҳсулоти аз ин боғу заминҳои кишти шаҳр бадастомада огоҳӣ пайдо намуданд.

Меҳмонон инчунин аз як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Субҳи Сарбанд»-корхонаи коркарди пахта, «Сомон полимер» истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, сардхона барои нигоҳдошт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва аз рафти сохтмони коргоҳи коркарди шир дидан намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд дода, масъалаҳои муҳайё намудани сарчашмаҳои ҳамкориҳоро дар самти коркард ва содироти мева, ворид намудани технологияҳои коркарди шир, пахта ва меваю сабзавот (коргоҳи консервакунонӣ) бо роҳбарият ва масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳр баррасӣ намуданд.

Раиси шаҳр Самизода Санавбар изҳор дошт, ки мақсади мо тавассути ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар шаҳр бунёд намудани коргоҳҳои коркарди маҳсулотҳои истеҳсолшуда, ба хориҷи кишвар содирот намудани онҳо ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои кории доимӣ мебошад.

Дар идома меҳмонон ба Литсейи касбии саноати кимиёии шаҳр ташриф оварда, аз маҳсули дастони шогирдони ин муассиса ва рафти таълиму касбомӯзии онҳо дидан намуданд. Ба меҳмонон бахусус тамошои Осорхона-синфхонаи таҳсилнамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон писанд омад. Онҳо бо гузоштани соядаст таассуроти хотирмон гирифтани худро аз ин боргоҳи илму маърифат изҳор намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here