Бахшида ба 22 — солаги Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки бо ташабусу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 сол қабл ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Бо имзои созишномаи сулҳ, вазъи сиёсии кишвар ба эътидол омада дар ин замина дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рушд кардаву сатҳи некуаҳволии мардум беҳ гардид. Ҳар яки мо ин гавҳари бебаҳоро бояд мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Зеро барои ба ин рӯз расидан, халқи тоҷик мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат буд, ки имрӯз зери осмони софу беғубор кору зиндагӣ дорем. Аз ин хотир мо вазифадорастем, ки ҳамчун хизматчии давлатӣ баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рушди босуботи давлат заҳмат бикашем,- илова кард Абдулқодирзода.

Номбурда дар фарҷоми ҷалласа ҳайати кормандори Сарраёсатро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд.

Дар охир бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба як қатор кормандони фаъол Ифтихорномаҳои Сарраёсатро тадим намуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here