Айни ҳол ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон ҷараён дорад.
Дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад, муовини раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва аъзои ситоди вилоятӣ ширкат меварзанд.
Қайд гардид, ки феълан дар беморхонаҳои вилоят 17 нафар бо аломатҳои ин бемории сироятӣ бистарӣ гардида, таҳти муроқибати табибон қарор доранд.
Тайи ду рӯзи охир муовини Сарвазир Ширин Исматуллозода бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ аз бемористонҳои 6 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дидан намуданд. Натиҷаҳои ин боздид дар ҷаласаи имрӯза баррасӣ мегардад.