Имрӯз, 23 сентябр, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ситод оид ба “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилоят Умед Зоирзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор  иштирок доштанд.

Саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани “тиллои сафед”, ба қайди омор гирифтани ҳосили ғуншуда ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бо мақсади дар манзилҳои шахсӣ нигоҳ надоштани пахта аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи ситод буд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон таъкид намуд, ки ҷиҳати аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани ҳосили ҷамъоваришуда тадбирҳо андешанд.

Роҳбари вилоят инчунин доир ба тезонидани суръати чиниши пахта бо дарназардошти барвақт фаро расидани фасли сармо ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.  

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here