Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ба ҷаласаи Шӯро муовин ва аъзоёни Шӯрои вилоятӣ, котиби Шӯро, роҳбари
дастгоҳи раиси вилоят, прокуророни ҳарбии гарнизони Бохтару Кӯлоб ва
қисман раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси Шӯро, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида аз рӯи масъалаҳои зерин ба як қатор аъзоёни Шӯро барои
марӯза намудан сухан дод.
​Дар ҷаласа ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни
андозсупорандагон ва аҳолӣ оид ба баланд бардоштани фарҳанги
андозсупорӣ, ташвиқу тарғиб ва фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои талаботҳои Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андоз ва
гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати бақайдгирии пурраи
андозсупорандагон маърӯзаи сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Раҷабов Соҳиб, оид ба омӯзиш ва санҷиши фаъолияти Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявии
мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Аминҷонов Содиқ, ба таври васеъ
гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои
дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни
ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, ба
хусус дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти
иттилоотӣ, ки хусусияти фаромилӣ касб намудаанд маърӯзаи муовини якуми
сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
вилояти Хатлон Холиқов Фирдавс, оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз
шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ ва ифродгароӣ сардори
Раёсати ҷавонон ва варзиш Қурбонзода Қурбон, оид ба гузаронидани мизҳои
мудаввар ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли ҷамоат, дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма оиди тарбияи ҳуқуқӣ
дар самти пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят Иброҳимзода Карим маърӯза намуданд. Дар рафти маърӯзаҳо аз тарафи
аъзоёни Шӯро фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳо карда шуд, ки пешниҳодҳо
қобили қабул дониста шуданд. Ҳамчунин дар ҷаласа рафти омодагӣ ба
даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли
2022 ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят Солизода Умед низ шунида шуд.
Дар охир раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати иҷрои
дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи субботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, захираи на кам аз дусолаи маводи хӯрокаи ҳар як оила ба аъзоёни Шӯро бо мардум фахмонидан супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон таъкит карда шуд, ки бо мақсади
таъмини амният, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва боназардошти вазъи
баамал омадаистодаи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон тамоми кушиш ва фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, аз
ҷумла хатари ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои
коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба
вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои эктремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, таълимоти
ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷа, даст задан ба қочоқ, ва истеъмоли
маводи мухаддир равона карда шавад.
Бо мақсади иҷрои даъвати тирамоҳии соли 2022, раиси вилоят дастур
доданд, ки комиссарони ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкили дурусти бақайдгирии захиравӣ ва фаъолияти комиссияҳои даъватиро ба роҳ монанд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ
гузаронидани маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, бо ҷалби
фаъолон, зиёиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бо истифодаи васеи васоити ахбори омма ба таври фаъол роҳандозӣ намоянд.