Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷалсаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию — методӣ оид ба таълим ва тарбияи шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шӯрои вилоятии мутобиқсозию — методӣ оид ба таълим ва тарбияи шаҳрвандон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшид.
Дар ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон шахсони масъул оид ба панҷ масъалаи муҳим бо маъруза баромад карданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Шӯро маърӯзаи иҷрокунандаи вазифаи раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои рӯзмара аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва иқтисодӣ – тиҷоратӣ дошта шунида шуд. Гуфта шуд, ки гузаронидани суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолӣ ва ҳамзамон бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба манфиати кор буда, дар ин самт мақомоти марбута минбаъд низ корро ҷоннок мекунанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба масъалаҳои зикршуда 320 маротиба вохӯриву мизҳои мудаввар доир карда шуда, дар ин бора тариқи васоити ахбори омма низ гузоришу барномаҳо таҳияву пешниҳод гардидааст.
Дар маърӯзаи сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон Муродзода Нодир таҳлили фаъолияти Агентӣ дар давраи соли љорї ва дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор гузаронидани мизҳои мудаввар ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқот бо аҳли ҷамоат, дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма, оиди тарбияи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадорро яке аз роҳҳои муҳими ноил шудан ба мақсад арзёби карданд. Зери унвони “Нашъамандӣ ва зарари он ба ҷомеа” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиш ва чорабиниҳои оммавӣ — варзишӣ гузаронида шуд, ки мақсад аз он ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим буд. Ба иттилои масъулини соҳа истифода ва дарёфти маводҳои синтетикӣ, ки он ба саломатии инсон зарар расонида, ҳаёти одамонро ба хатар мебарад нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Ба таъкиди раиси Шӯро дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунанда корро дар самти пешгирӣ, назорат ва бурдани корҳои фаҳмонададиҳӣ вусъат бахшида, марказҳои дилхушӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати ҷиддӣ бояд қарор дошта бошад.
Маърӯзаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят дар мавзӯи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ва созмону ташкилотҳои экстремистӣ, нагаравидани наврасон ба таълимоти ғайрирасмии диннӣ, баргузории чорабиниҳо бо ҷалби зиёиён, адибон, руҳониёни бонуфуз, ВАО, рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ ва пахш намудани филмҳои кутоҳмуддати таълимӣ дар ин самт аз тарафи аъзоёни Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методи оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иштирокдорон шунида шуд.
Оид ба мавзӯҳои ҳуқуқӣ, таҳияи видеофилмҳо аз мавзуе буд, ки атрофаш сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон андешаронӣ карданд. Қайд гардид, ки дар ин давра 10 барнома ва 30 хабару гузоришҳо пешкаши бинандагон гардонида шуда, бо масъулини ниҳоди марбута суҳбатҳо пайваста гузаронида мешаванд. Дигар баромадкунандагон аз ҷумла намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилоят, Прокротураи ҳарбии гарнизони шаҳри Бохтар дар мавзӯҳои болозикр ибрози назар карданд.
Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” ҳисоботи комиссари ҳарбии вилоят шунида шуд. Ба иттилоои комиссари ҳарбии вилоят ҳар як даъватшаванда аз комиссияи тиббӣ гузаронида шуда, баъдан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ фиристода мешавад. Имсол бо ибтикори Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 ҳазору 722 нафар ба курсҳои омӯзиши фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардида, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.
Нисбати раисони шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи иҷрои даъват ба сафи Артиши миллиро ба таъхир гузоштаанд таъкид карда шуд, ки бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ нақшаи даъватро саривақтӣ иҷро намоянд.
Дар охири ҷаласа раиси вилояти Хатлон муњтарам Қурбон Ҳакимзода раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиро ба иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат аз ҷумла захираи маводи хурокаю сузишворӣ ва истифодаи оқилонаи замин, инчунин тамоми масъулини нашрияву маҷаллаҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, гузаронидани таблиғоту ташвиқот дар байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо фаъолон, омода намудани маводҳо дар самти пешгирӣ ва чопи он дар нашрияњо, ташкили мизҳои муддавар ва намоиши он тариқи телевизионҳо вазифадор намуданд.