Рӯзи 13 авугсти соли 2019 ҷаласаи Шӯрои рӯшди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи варзишгарон» доир гардид.
Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои рӯшди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, директорони Муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят, собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони вилоят иштирок намуданд.
Дар рафт масъалаҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуда, аз ҷониби раиси Шуро муҳтарам Хидирзода М. У. ба масъулин дастуру супоришҳо баҳри бартараф намудани камбудиву норасогиҳо дода шуд.
Ҳамчунин бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” як қатор собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони вилоят барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, тарѓиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи варзишгарони касбӣ бо «Сипоснома» -и раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.
Бояд ёдовар гардид, ки соҳаи варзиш дар вилоят рушду нумуъ ёфта, имрӯз дар вилоят МД “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”, “Мактаби махсуси варзишии вилоят ба номи С. Раҳимов”, 4 “Мактабҳои варзишии вилояти Хатлон” ва 28 Мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур аз рӯи 34 намуди варзиш 14860 нафар варзишгарон аз он ҷумла, 1974 нафар бонувон ҳамарӯза ба машѓулиятҳои варзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар умум варзишгарони вилоят дар ин давра 289 медали тилло, 257 медали нуқра, 458 медали биринҷӣ ҳамагӣ 1004 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 79 медал зиёд мебошад.
Бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят сохтмони 300 майдончаҳо ва 80 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Аз ин шумора, дар соли 2018 54 майдончаи варзишӣ ва 7 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохта ба истифода дода шудаанд.
Ҳамчунин дар 6 моҳаи аввали соли 2019 46 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта шудааст.
Аз ҷумла 1 маҷмааи варзишӣ дар назди Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар, майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Данғара 7 адад, Шаҳритуз ва Ҳамадонӣ 5 ададӣ, Кӯлоб 4 адад, Ҷайҳун 3 адад, Ёвон, Бохтар, Панҷ, Фархор, Восеъ 2 ададӣ, Норак, Кушониён, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷ. Балхӣ, Левакант, Вахш, Дустӣ, Муъминобод, Ховалинг, Ш. Шоҳин ва Балҷувон 1 ададӣ, дар шаҳри Норак ва ноҳияи Ҷайҳун 1 адади толори варзишӣ бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд, ки барои рушди соҳаи варзиши вилоят заминагузор мебошанд.