Нимаи дуюми рӯзи 17 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир шуд, муовини раис ва аъзои Шӯрои вилоятӣ, котиби Шӯро, инчунин муовини раиси вилоят оид ба соҳаи иҷтимоӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Вахш, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ иштирок намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа, ки аз 14 масъала иборат буд, шинос намуданд. Аъзои Шӯро масъалаҳои марбут ба пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароити ба онҳо мусоидаткарда дар фаъолияти Шӯроҳои мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шахрвандони баъзе шаҳру ноҳияҳо, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои аз ин Паём бармеомада, баргузор намудани дарсҳои омӯзишӣ дар ташкилоту идораҳо, амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тариқи шабакаҳои телевизион, радио, дигар воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санҷиши риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар, омӯзиш ва фаҳмондадиҳии санадҳои меёрии ҳуқуқӣ оид ба замин дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба баланд бардоштани маърифати санитарӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии бадан, тозагии муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон дар таълиму тарбияи хонандагон ва донишҷӯён аз лиҳози зиёд шудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, диққати аввалиндараҷа додан ба ҷалби ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб ва таъсис додани китобхонаҳо дар назди ташкилоту муассисаҳо, гузаронидани мизҳои мудаввар ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли ҷамоат дар ташкилоту муассисаҳо, баромад тавассути ахбори омма оид ба тарбияи ҳуқуқӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва оид ба даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯйи масъалаҳои зикршуда мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Аминҷонов Содиқ, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нурмуҳаммад Саидзода, раиси Суди вилоят Рустам Мирзозода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон Сафарҷон Салимзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Азизбек Хайриддинзода, сардори Раёсати ВКД дар вилоят Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршоҳ Исозода, сардори Раёсати фарҳанги вилоят Аловуддин Абдуллозода, намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Умед Солизода маърӯза карданд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳо раиси Шӯро, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аъзои Шӯро ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи талаботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҷоннок намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории сироятии COVID-19, корҳои безараргардонӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила дастуру супоришҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини амният тамоми кӯшиш ва фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, аз ҷумла ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои эктремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, таълимоти ғайрирасмӣ дар кишварҳои хориҷа, даст задан ба қочоқ, истеъмоли маводи мухаддир ва тақлид ба либоспӯшии бегона равона карда шавад.
Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин зикр карданд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиб оид ба талаботи қонунҳо дар байни мардум зарур мебошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон