Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар корӣ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят муовини яукуми раиси вилоят, муовинон, қисман сардорони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, сектори бахши хусусӣ, иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар навбати аввал, ҳайати нави аъзоён ва сохтори Шӯрои машварти интихоб гардида, ҳозирин ба онҳо бурдборӣ таманно намуданд.
Қурбон Ҳакимзода зимни баргузории Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ иброз дошт, ки дар вилоят то ин давра 13 шӯро баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳим вобаста ба самти беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ матраҳ гардидаанд.
Аз рӯй масъалаи дуюми ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ гузориши котиби Шӯрои машваратӣ оид ба рафти иҷрои тавсияҳо ва нақшаи кории роҳбари котиботи Шӯрои машваратӣ Зафар Ализода шунида шуд.
Котиби шӯрои машваратӣ иброз дошт, ки дар давраи гузашта, шӯрои машваратӣ бо мақсади иҷрои дастурҳои шӯро дар ҳамкори бо бахши хусусӣ дар доираи беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бо давлатҳои ҳамсоя як қатор вохури ва форумҳои сатҳи баландро доир намуданд, ки ба рушди фаолияти шӯро мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ мушкилиҳо дида мешавад, ки нигаронкунанда мебошад.
Дар раванди ҷаласаи Шӯро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин супориш доданд, ки бо мақсади беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят дар амали намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳо ба таври ҳатмӣ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баргузор карда шавад ва аз натиҷаи он гузориши хати ирсол карда шавад. Иброз гардид, ки мо бояд сатҳи муколамаи бахши хусусӣ ва давлатиро дар сатҳи баланд ташкил намоем, то фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят беҳтар гардад.
Қайд карда шуд, ки баҳри таъмини рушди устувори бахши хусусӣ, дар мамлакати мо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати хирадмандона тадбирҳои зарурӣ дар самти гумрук, андоз роҳандози гардидааст мисоли он аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ заминаи мусоид мегузорад.
Аз рӯи масъалаи дуюми ҷаласаи Шӯро муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода пешниҳод намуд, ки котиботи Шӯро бо мақсад омафаҳм гардидани сабуки ва дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва тартиби ҳуҷатгузорӣ ва муайян намудани санҷишҳои соҳавӣ дар самти соҳибкорӣ варақаҳои фаҳмондадиҳӣ ва ё маълумотномаҳо бароварда шавад, то соҳибкорон аз ҳуқуқ ва имтиёзҳои худ, ки аз ҷониби давлат пешниҳод гардидааст бохабар бошанд.
Ҳамчунин муовинони раиси вилоят, Амонулло Салимзода, Акрам Сулаймонзода ва намояндаи фонди Оғохон дар вилояти Хатлон вобаста ба самти ҳуқуқи ҷоннок намудани фаолияти шӯро ибрози назар намуданд.
Дар идомаи ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аз рӯи масъалаи сеюм пешниҳоди аъзои Шӯрои машваратӣ, олими соҳаи кишоварзӣ Сафаралӣ Орифов, коршиноси бахши хусусӣ оид ба арзёбии рушди соҳаи боғдорӣ дар вилояти Хатлон ҷиҳати устувор намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ва пешниҳодҳояшон дар самти кишоварзӣ вобаста ба беҳтар кардани ҳосили зироатҳо ва дар ин замина таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ шунида шуд.
Пешниҳоди коршиноси бахши хусусӣ, олими соҳаи кишоварзӣ Сафаралӣ Орифов аз ҷониби иштирокдорони Шӯро бо хушнуди пазируфта шуд.
Зоирзода Умед намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз рӯи масъалаи 3-юми Шӯрои машварати дар самти коркард ва содироти маҳсулотҳои вилоят ибрози назар намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва рушди бахши содиротро аз вилоят натиҷаи фаъолияти самараноки шӯро арзёбӣ намуданд.
Питер Райли роҳбари ташкилоти байналмиллалии USAID дар Тоҷикистон вобаста ба барасии масъалаҳои шӯро изҳори назар карда, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи худро бо бахши давлатӣ ва хусусӣ баён доштанд.
Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода вобаста ба баргузории ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.