Имрӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва масъулини шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониёну Хуросон ҷамъомад баргузор шуд.
Зимни ифтитоҳи ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки 15-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он Пешвои муаззами миллат вобаста ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, талафот надодани барқ, пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда, истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, ёрӣ ба оилаҳои ниёзманд, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар назди вазорату кумитаҳо, раисони вилоятҳо вазифаҳои мушаххас гузошта буданд. Аз ин нигоҳ гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни иҷрои ин супоришҳоро таҳти назорат қарор дода, дар вилояти Хатлон кор бурда истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бошад гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ба ҳар як оила моҳияти ин масъаларо фаҳмонида, зарурат ва аҳмияти онро ба ҳамватанон бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ арзёбӣ медоранд.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни баромади хеш бори дигар таъкит намуд, ки моҳияти масъаларо воқеъбинона ба мардум фаҳмонем, ки ин бештар аз обу ҳаво вобастагӣ дорад. Тамоми чораҳоро бояд андешем, ки дар мо маҳдудияти барқ ҷорӣ нашавад. Аз ин рӯ аҳолии мамлакат барқро бояд сарфакорона истифода бурда, ба талафот ва дуздии барқ роҳ надиҳанд, ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Аз 70 миллион киловат соат нерӯи барқе, ки дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ сарф мешавад мо бояд 10-20 фисади онро сарфа намоем, зеро зимистон сарду тулонӣ буда, паст фаромадани сатҳи об ҷой дорад. Ҳамчун ватандор бояд муносибат кард, зеро воқеъбинона вазъро дарк кардан ба манфиати кор аст.
Дар назди иштирокчиёни ҷамъомад раисони шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияи Кӯшониён ахборот доданд. Сарвазири мамлакат оиди зиёд истифода бурдани нерӯи барқ дар шаҳри Бохтар изҳори нигаронӣ намуд. Мо имрӯз дигар давлатҳоро бо барқ таъмин накарда истодаем, зеро дар мадди аввал бояд халқи Тоҷикистон бо барқ таъмин бошад. Аз ин нигоҳ роҳбарони масъул, гурӯҳҳои корӣ, ҷавонон, занон бояд миёни мардум дуруст кор баранд. Набояд фаромӯш кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо саъю талошҳои Роҳбари давлат иқтидори истеҳсолии барқ ба 1 ҳазору 900 мегават расонида шуд.
Дар ноҳияи Кӯшониён пардохти ҳаққи барқи истифодашуда аз аҳолӣ 112 фоизро ташкил диҳад,- таъкид дошт Сарвазири мамлакат вале дар шаҳри Левакант ин рақам ба 66 фоиз баробар аст, ки нокифоя мебошад. Корҳо дар самти бакор даровардани корхонаи Азоти шаҳри Левакант тавассути газ идома дорад. Сарвазири мамлакат диққати ҳамагонро ба риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, дар шароити пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории сироятии Ковид-19, паст фаровардани нарх дар бозор, рушди истеҳсолот, истифодаи самараноки обу замин, рушди паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили гармхонаҳо, кӯмак ба маъюбон, ятимони кул, табақаҳои ниёзманд, дар сатҳи баланди ватандорӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ ҷалб карда, дар назди ҳамагон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ба Пешвои муаззами миллат ва Сарвазири мамлакат барои таваҷҷӯҳ ва ғамхориашон ба калонтарин вилояти ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, бо боварии том изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди Хатлонзамин дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, тамоми нерӯ ва ғайрати худро баҳри пешрафт ва шукўфоии ин гӯшаи диёр равона менамоянд.