11 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон, фаъолони шаҳр ва иштироки намояндагони ВАО-и шаҳрӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва сатҳи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон кушода барномаи ҷаласаро ба ҳозирин шиносонид. Тибқи барномаи ҷаласа 3 масъала мавриди музокира қарор дода шуд.

Дар масъалаи якум, «Оид ба натиҷаҳои иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», гузориши роҳбари Гурӯҳи корӣ, Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз шунида шуд.

Зимни баромади худ оид ба корҳои сохтмонӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №АП-1059 ва банди 15 –и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода буданд, сухан кард. Дар рафти баромад оид ба бурду бохт ва баъзе камбудиҳое, ки ҷой доранд, қайдҳо намуд. Дар анҷоми гузориш хулосаю пешниҳодоти худро ироа намуд.

Доир ба масъалаи 2-юми ҷаласа, «Оид ба рафти иҷрои нақша чорабиниҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар моҳҳои август ва ноябри соли 2018 баён доштанд» гузориши роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯлоб, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин, шунида шуд. Дар рафти баромади худ оид ба иҷроиши нақша чорабинӣ ва баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар рафти иҷрои нақша чорабиноҳои зикршуда хулосабарорӣ намуд ва иҷрои баъзе корҳоро саривақтӣ ҳисобид. Дар анҷоми гузориши худ фикру мулоҳизот ва пешниҳодотро оид ба масъалаи зикршуда баён намуд.

Доир ба мавзӯи 3-юми ҷаласа «Дигар масъалаҳо» Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар 3-моҳаи соли ҷорӣ гузориш дод.

Зимни баромад, доир ба ташрифи навбатии Сарвазири мамалакат оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва ифтитоҳи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дармонгоҳу майдончаҳои варзишӣ суханронӣ намуд. Дар баромади худ, инчунин, оид ба эродҳои маърӯзакунандагон оид ба рафти иҷрои нақша чорабиниҳои зикршуда сухан карда, оид ба бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодоти худро ироа кард.

Сипас, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаи сафари кории худ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, ки рӯзҳои 10-11-уми апрел ҷараён гирифта буд, дар назди ҳозирини ҷаласа ҳисоботи мафассал дод.

Дар ҳисоботи худ оид ба фаъолияти Гурӯҳи корӣ, ки таҳти роҳбарии Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва роҳбари гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯлоб, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин фикру мулоҳизоти худро баён намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки иҷрои нақша чорабиниҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сафари охирин, ки моҳи ноябр сурат гирифта буд, каме пешравӣ дида мешавад. Аммо он иҷроишеро, ки Сарвари давлат хоҳон асту таваҷҷуҳи бештар дорад, мо бояд тезонем ва то ба ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад, ба истифодадиҳии иншооти гуногунро барои ифтитоҳ кардани Сарвари давлат ва омода кардани боғу гулгаштҳоро то моҳи август ба анҷом расонем.

Дар анҷоми ҷаласа қарорҳо оид ба рафти иҷрои нақша чорабиниҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here