Субҳи имрӯз, 9 апрел, ҷаласаи ғайринавбатии назди раиси вилояти Хатлон бо иштироки муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Тақвият бахшидани фаъолияти Ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ таҳти роҳбарии бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо, андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба пешгирӣ аз хисороти заминҳои кишт ва боғу токзорҳо, истифодаи оқилонаву самарабахши ҳар ваҷаб замини киштбоб мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур буд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки бориши борону барфи шабонарӯзи охир, боду ҳавои ноустувор ва поинравии ҳарорат метавонад ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, чорво зиён расонида, боиси сармохӯрдагии долу дарахтон гардад. Дар баъзе ноҳияҳо баландии барф ин субҳ то 15 сантиметрро ташкил додааст.

Бо дарназардошти ин, раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани чорво, таъминот бо хошокиҳо, муҳофизати ҳосили боғу токзорҳо, ташкили обёрӣ ва дудмонӣ дар боғу токзор, кушодани ҷӯяк ва ҷӯйборҳои поёноби киштзорҳо, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасони кишоварзӣ, ки ҳангоми пастравии ҳарорат афзоиш меёбанд, чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода барои огоҳонидани сокинони вилоят аз эҳтимолияти таъсири боду ҳавои ноустувор, худдорӣ намудан аз гаштугузори бидуни зарурат, тозакунии ҷӯйбору каналҳои назди биноҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна хасрӯба, партовҳо, ҳамзамон истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ дастур дод.

Дар ҷаласа доир ба зарурати афзоиш додани майдонҳои кишти ғалладонагӣ, сабзавот, донагиҳо, картошка, бардоштани 2-3 ҳосил дар як сол низ сухан рафт.

Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон ба таъсири манфии бемории паҳншудаи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, ба масъулон супориш доданд, ки ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои тиббию таълимӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон