Нимаи дуюми имрӯз, 18 октябр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Раиси вилоят зикр намуд, ки бо вуҷуди аз уҳдаи иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта баромадани шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияи Шаҳритуз, ҳамоно баъзе шаҳру ноҳияҳои пахтакор, аз ҷумла Вахш, Кӯлоб, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, дурнамои ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супурдани ҳосили “тиллои сафед”-ро аз сатҳи миёнаи вилоят камтар иҷро намудаанд.

Қурбон Ҳакимзода масъулонро муваззаф кард, ки ҷиҳати аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани ҳосили ҷамъоваришуда тадбирҳо андешанд.

Барои тақвият бахшидан ва тезонидани суръати чиниши пахта бо истифодаи самарабахш аз рӯзҳои офтобӣ, аз ҳисоби кормандони масъул ва собиқадори дастгоҳи раиси вилоят ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ба ҷамоатҳо ва ноҳияҳои пахтакор сарпарастон таъин карда шуданд.

Раиси вилоят ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани “тиллои сафед”, ба қайди омор гирифтани ҳосили ғуншуда ва тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ бо мақсади дар манзилҳои шахсӣ нигоҳ надоштани пахта ба масъулон дастуру супориш дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here