Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар саҳти бинои МТМУ №13-и ноҳияи Хуросон ҷаласаи навбатии Ситоди оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ барпо гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилоят, роҳбарони идораю ташкилотҳои дахлдори вилоятӣ, аъзоёни Ситоди вилоятӣ, раиси ноҳияи Хуросон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, Раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Раиси вилоят зикр намуд, ки 68 оилаи зарардида ҷиҳати бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, барои бунёди манзили зисти нав тамоми чораҳои зарури амалӣ шуда истодааст.
— Аз рӯйи маълумотҳо, то имрӯз сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оѓоз гардида, дар 11 қитъаи наздиҳавлигӣ таҳкурсии хонаҳо ба пуррагӣ рехта ва дар 55 қитъаи дигар корҳои бетонрезии таҳкурсиҳо муташаккилона ҷараён доранд, — идома дод Қурбон Ҳакимзода. — Натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар ситодҳои корӣ муҳокима ва ҳамарӯза ба корҳои сохтмонӣ то 300 нафар сафарбар карда шуда, хӯроки гарми коргарону аҳолии зарардида ба 500 нафар аз тарафи ташкилоту муассисаҳои вилоят ва ноҳия таъмин карда шуда истодаанд.
Дар ҷаласа гузориши муовини раиси вилоят Низом Мирзозода ва раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода оид ба корҳои анҷомёфта дар маҳалли сохтмони деҳи нав шунида шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, мунтазам расонидани кӯмакҳои хайриявӣ тавассути шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, тақвият бахшидани кори ситоди доимоамалкунандаи вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ҷиҳати рафъи офати табиӣ ва сари вақт ҳаллу фасл намудани мушкилотҳои мавҷуда, дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида идома додани корҳои безараргардонӣ ва дизинфексионӣ, таҳти назорати доимии табибон қарор гирифтани вазъи саломатиии сокинони маҳаллаи навбунёд ва масъалаҳои дигари мавриди назар дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон