Дар ноҳияи Чалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатии гуруҳи вакилии ҳизбӣ бои штироки 38 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Зимни баргузории ҷаласа роҳбари гуруҳи вакили иҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдусаломзода Анзурат масъалаи низоми иҷроияи дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштироки фаъолонаи вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дастгирии ташаббусҳои ватандустона ҷиҳати расонидани кумакҳои вакилон ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ташаббуси баргузор намудани Аксияҳои тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар давраи зуҳури бемории сироятии коронавирус (соvid-19) ва ширкати фаъоли пешниҳоди фикру андешаҳои вакилонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аъзои гуруҳҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Зимни баррасӣ ва андешарониҳои вакилон тасмим гирифта шуд, ки вакилони ноҳия омодаанд дар ҳар маврид бар зидди ақидаҳои ифротии аъзои гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда, бо афкору андешаи солим нақши худро дар ҳифзу ҳимояти ваҳдати миллӣ гузоранд.
Ҳамзамон вакилон ҷонибдории якдилонаи худро аз сиёсати олӣ ва муваффақи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, тасмим гирифтанд, ки зимни баргузории вохуриҳои навбатии худ дар маҳал бо мардум масъалаҳо мавриди баррасиро натиҷагирӣ намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд.