26 августи соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода  дар толори қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилоят дар шаҳри Кӯлоб дар доираи васеъи фаъолон ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа оид ба омодагиҳо ва сазовор ҷашн гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сифати баланд ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ,  муҳайё намудани шароити корӣ, инчунин оид ба пешгирии бемории  коронавирус, беталаф ҷамоварии ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, захира намудани озуқа барои зимистон бештар таваҷӯҳ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки 25 августи соли ҷорӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Кӯлоб  аз рафти сохтмони якқатор  иншоотҳои ҷашнӣ бахшида  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дидан намуданд.