Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корияш ба ноҳияи Данғара дода буд ҷаласаи корӣ таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон доир гардид.

Дар ҷаласаи корӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзии минтақаи Бохтар ва Кӯлоб иштирок доштанд.

Қурбон Ҳакимзода аз рафти сафари кории Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, дар рафти сафари корӣ оид ба корҳои саҳроӣ, вусъат бахшидан ба корҳои агротехникии пахта, ҷамъоварии ҳосили ғаладонагиҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, хушккунии меваҳо, ба кор даровардани корхонаҳои мавсимӣ, рафти иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, самаранок истифода бурдани майдонҳои чарогоҳҳо, таъмир ва ба кор андохтани насосҳои обкашӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва басту банд намудани ҳосили меваҳо барои содирот, ҷамъоварии саривақтии хошоки чорво, инчунин мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул муҳлатҳои муайян дод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here