Бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба чанд моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ва Кодекси ҷиноятии ҶТ  Маҷли намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ба хотири пешгири аз қонунвайронкуниҳо дар соҳаи тандурустӣ ва пурзур намудани назорат, таъғироту илова ворид кард. Баҳри фаҳмондадиҳии мафҳуму мақсади ин таъғироту илова дар Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи кории Сарраёсати назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба хотири фаҳмондадиҳии мақсаду мафҳуми таъғироту илова ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ва ҷиноятии ҶТ Сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеъаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шоди Сафаров, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Матлюба Шоназарова ва роҳбарони марказҳои сохтори Раёсат, ширкатҳои фармасевтӣ, намояндагони сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва тиббӣ хуссуси ширкат доштанд. Чорабинии мазкур,

  Маҳмадҷон Абдулқодирзода сардори Сарраёсат ҷаласаро ифтитоҳ намуд иброз дошт, ки боло рафтани сатҳи қонунвайронкунӣ дар соҳаи тандурустӣ роҳбарияти Олии кишварро ба ташвиш овард. Аз инҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-сентябр зимни суханрониаш ба ин масъала диққати ҷиддӣ дод.

  Ин вазъия водор бар он кард, ки ба хотири пешгири қонуншикаҳо ва пурзур намудани назорат лозим омад, ки бачанде аз моддаҳои  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ва ҷиноятӣ  таъғироту иловаҳо ворид карда шавад.

  Ба гуфтаи Маҳмадҷон Абдулқодирзода таъғироту иловаҳо барои пешгири аз қонунвайрокуниҳо ба монанди пешгири аз воридот ва ба муомилот баровардани маводҳои дорувории пастсифат ва ба талаботҳои меъёрию ҳуқуқи ҷавобгу набудан, пешгирии бемориҳои сироятии хавфнок ба монанди ВНМО, гепатити “Б” ва “с” ворид карда шушдааст.

  Масалан таъғирот ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андозаи ҷаримаҳо баланд бардошта шуд. Яъне барои шахсони воқеъи, ки қаблан аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо буд, аз 50 то 100 нишондиҳанда, барои шахсони мансабдор ба ҷои аз 50 то 100 нишондиҳанда аз 150 то дусад нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба ҷои аз 100 то дусад нишондиҳанда аз 500 то 800 нишондиҳанда бардошта шуд.

  Ҳамчунин ба ин модда қисми дуюм илова карда шуд, ки барои дар давоми як сол давом такроран содир кардани кирдорҳои болозикр ҷазои маъмурии нисбатан вазнин пешбини шудааст.

  Гузашта аз ин ба моддаи 2101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъғирот ворид карда шуд. Яъне барои ғайриқонуни ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ва ба талаботи стандартҳои муқараршуда ҷавобгу набуда, дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон қисми 1–уми модда ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба то се солро дар бар мегирад.

  Дар қисми дуюми ҳамин модда бошад андозаи ҷарима аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бардошта шуд. Ҷазои аз озоди маҳрум сохтан, ки қаблан аз ду то панҷ солро дар бар мегирифт ба аз панҷ то ҳашт сол бардошта шуд.

  Инчунин дар қисми 3 ин мода муҳлати ҷазо ки қаблан аз панҷ то ҳашт солро дар бар мегирифт аз ин пас аз ҳашт то дувоздаҳ солро дар бар мегирад.

  Илова бар ин ба моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъғиру иловаҳо ворид карда шуд. Мувофиқи таъғиротҳои нав барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидимикӣ дар қисми якуми моддаи мазкур ҷазо пурзур карда мешавад. Ҳамчунин ба ин модда қисми дуюм илова карда мешавад. Яъне дар ин қисм ҷавобгари барои вайрон намудани қоидаюмеъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад пешбини мегардад.  Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол мазрум сохтан аз озоди пешбинӣ шудааст.

  Маҳмадҷон Абдулқодирзода дар давоми сӯҳбаташ аз ҳозирин даъват кард, ки дар оянда ба хотири пешгири аз қонунвайронкуниҳо дар соҳа ва пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулиятро бештар намуда дар коргоҳҳои худ ҳамаи чораҳои заруриро биандешанд.  Мақсади имрӯз ҷамъомадани мо низ дар ҳаминаст, иброз дошт номбурда.

  Матлюба Шоназарова низ зимни суханрониаш қайд кард, ки мақсад аз ворид намудани таъғироту иловаҳо дар қонунгузори ин пешгири аз қонуншиканиҳо ва паҳншавии бемориҳои сирояти мебошад. Аз ин хотир ҳар яки мо бояд дар ҷои кор масъулият ҳис намуда чораандеши намоем.

  Шоди Сафаров намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки дар ин ҷаласа ширкат мекард  аз ҳозир даъват кард, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷйодошта дар макони кори ба таври ҷидди диққат диҳанд. Мақсад аз ҷаласаи имрӯза низ дар ҳаминаст, ки ҳар яки мо дарки мо дарки масъулият намоем, — илова кард номбурда.

  Дар ҷамъбасти ҷалласа ҳозирин ба роҳбарияти Сарраёсат ва Раёсати тандурустӣ вобаста ба ин таъғироту иловаҳо суолгузори намуда ҷавобҳои қонеъкунанда  гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here