Имрӯз дар ҷаласаи корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Аз рӯи ин масъала муовини якум, муовинони раиси вилоят ва шахсони дахлдор ҳисобот доданд. Оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ гуфта шуд, ки дар водиҳо ҷамъоварии пиёз, картошка ва маҳсулоти ниёзи мардум шуруъ ва чораҳо амалӣ мегарданд, то дар майдонҳои холишуда кишти такрорӣ гузаронида шавад. Барои содироти маҳсулот ба воситаи қатораҳо низ ҳамаи имкониятҳо фароҳам аст ва дар ин самт тахфифҳо низ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи дурнамо бояд кишти пахта зиёд гардад, зеро ин ашёи хом корхонаҳои саноатиро фаъол мекунад. Ҳарчанд имсол коҳиши истеҳсоли қувваи барқ ба рушди саноат таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд аст. Дар заминаи таваҷҷуҳи давлат ба бахши кишоварзӣ ва саноат масъулони соҳа дастур гирифтанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ карда шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба тағирёбии иқлим ҳушдор дода шуд, ки ҳар ваҷаб замин ҷиҳати рӯёнидани маҳсулоти ғизоӣ ва хӯроки чорво самаранок истифода карда шавад. Олимони соҳа роҳҳои бартараф кардани оқибати хушксолиро ба мардум фаҳмонанд.
Вобаста ба фаъолнокии ҷомеа дар баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ масъулони соҳаи маънавиёт вазифадор карда шуданд, ки “9 май — Рӯзи ғалаба дар ҶБВ”, “23 май — Рӯзи ҷавонон” ва “27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ” дар сатҳи хуб ва хотирмон гузаронида шавад. Инчунин таҷлили 110-солагии Мирзо Турсунзода шоири сулҳпарвар ҳаммоишҳои илмӣ-оммавӣ ва барномаҳои телевизионӣ роњандозӣ карда шавад.
Ҷамъомади корӣ, ба масъалаи сазовар истиқбол намудани ҷашни “30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ин замина бунёди корхонаю иншооти таъиноти гуногун, инчунин тозаю покиза нигоҳ доштани муҳит таваҷҷуҳи асосӣ равона шуд. Бо нигаронӣ аз вазъи сусти корҳои сарсабзгардонӣ дар назди баъзе ташкилоту идораҳо ва гулгаштҳои фароғатӣ супориш дода шуд, ки корхонаву ташкилот ва аҳолӣ манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳоро рангубор кунанд, атрофро сабз гардонанд ва тозагии муҳити зистро таъмин намоянд.
Ҳамин гуна дар ҷаласаи корӣ ба масълаҳои мубрам аз қабли тақвияти корҳои ободонӣ, ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, ваксинакунонӣ зидди каронавирус, ба роҳ мондани фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расмикунонии фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар Русия ва назорат аз болои вокунишҳо ба маводҳои таҳлилию танқидии ВАО таваҷҷуҳи бештар дода шуд. Масъулини соҳа ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалиагрдонии барнмоаҳои давлатӣ ва бунёдкорию созандагӣ вазифадор шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон